Боздошти автомашинаҳои дуздидашудаи равона ба Тоҷикистон дар Минск

Asia-Plus

Кормандони мақомоти гумруки Беларус интиқоли ғайриқонунии автомашинаҳои гаронбаҳои хориҷиро аз Литва ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти гумруки Беларус, чор «BMWX5»-и истеҳсоли солҳои 2014-2016, «Mercedes-BenzGLC»-и истеҳсоли соли 2017 ва «LexusGS300H»-и барориши соли 2014 бидуни эъломия тариқи гузаргоҳи гумрукии роҳи оҳани «Молодечно»-и хадамоти минтақавии гумрукии Минск мавриди интиқол қарор гирифта буданд. Дар […]

Кормандони мақомоти гумруки Беларус интиқоли ғайриқонунии автомашинаҳои гаронбаҳои хориҷиро аз Литва ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти гумруки Беларус, чор «BMWX5»-и истеҳсоли солҳои 2014-2016, «Mercedes-BenzGLC»-и истеҳсоли соли 2017 ва «LexusGS300H»-и барориши соли 2014 бидуни эъломия тариқи гузаргоҳи гумрукии роҳи оҳани «Молодечно»-и хадамоти минтақавии гумрукии Минск мавриди интиқол қарор гирифта буданд.

Дар ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарорӣ пешниҳодшуда, дар вагони роҳи оҳан «қисмҳои эҳтиётӣ ба автомашинаҳои сабукрав» зикр шуда буданд, аммо зимни азназаргузаронии гумрукӣ муайян карда шудааст, ки дар асл дар контейнер воситаҳои нақлиёт қарор доранд.

Ҳамчунин тибқи натиҷаҳои ташхис муқаррар шудааст, ки дар чор автомашинаи тамғаи «BMWX5» рақамҳои муайянкунанда (идентификатсионӣ)-и воситаҳои нақлиёт иваз шуда, мувофиқи маълумоти Интерпол, ҳамаи шаш автомобил мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд. Аз рӯи ин далел тафтиш ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳияи Октябрски шаҳри Минск ҳамаи 6 автомашина бо арзиши умумии 510 ҳазор рубли беларусӣ (наздики 260 ҳазор доллар) ба нафъи давлат мусодира шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ведомости”: соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 950 ҳазор муҳоҷир омаданд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.