Соли 2017 прокуратураи Суғд 1882 парвандаи ҷиноӣ тафтиш кард

Соли 2017 мақомоти прокуратураи вилояти Суғд 1882 парвандаи ҷиноӣ тафтиш кард, ки 1006-тои он ҷиҳати баррасӣ ба судҳо фиристода шудааст. Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят 5712 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ин шумор нисбат ба соли 2016 – 209 ҳолат камтар ва сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Соли 2017 мақомоти прокуратураи вилояти Суғд 1882 парвандаи ҷиноӣ тафтиш кард, ки 1006-тои он ҷиҳати баррасӣ ба судҳо фиристода шудааст.

Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят 5712 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ин шумор нисбат ба соли 2016 – 209 ҳолат камтар ва сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо соли гузашта 91,75 фоизро ташкил додааст.

«Дар ин давра дар минтақаи шимоли кишвар 28 ҳодисаи куштор ба қайд гирфта шуд, ки нисбат ба соли 2016 – 8 ҳолат камтар буда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 374 ҷинояти дорои хусусияти ифротгароиро ошкор намуданд», – зикр кард прокурор.

Бино ба иттилои ӯ, доир ба масъалаҳои истифодаи замин 235 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар мавриди риояи қонуни масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон 35 нафар волидон барои монеъа эҷод кардан ба таҳсили фарзандонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.