Амали навбатии террористӣ дар Кобул. Ҳамла ба академияи ҳарбӣ

Як гурӯҳи афроди мусаллаҳ имрӯз ҷиҳати ҳамла ба Академияи ҳарбии ба номи маршал Фаҳим дар Кобул кӯшиш карданд, хабар медиҳад Интерфакс бо истинод ба васоити ахбори умуми маҳаллӣ. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳангоми ҳамла типарронии башиддат ва таркишҳо сурат гирифта, вале ба назар мерасидааст, ки ҷангиён ба дохили муассисаи таълимӣ ворид шуданӣ набудаанд. Тавре хабаргузории […]

Asia-Plus

Як гурӯҳи афроди мусаллаҳ имрӯз ҷиҳати ҳамла ба Академияи ҳарбии ба номи маршал Фаҳим дар Кобул кӯшиш карданд, хабар медиҳад Интерфакс бо истинод ба васоити ахбори умуми маҳаллӣ.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳангоми ҳамла типарронии башиддат ва таркишҳо сурат гирифта, вале ба назар мерасидааст, ки ҷангиён ба дохили муассисаи таълимӣ ворид шуданӣ набудаанд.

Тавре хабаргузории AFPиттилоъ медиҳад, дар ҷойи ҳодиса садои тирпаррониву таркиш ба гӯш мерасад.

Алҳол дар бораи қурбониёну захмишудагон ва зиёни расида маълумот дастрас нест. То ҳанӯз ҳеҷ созмоне масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Роҳҳои воридшавӣ ба мавзеи ҷойгиршавии муассисаи таълимиро мақомоти пулис бастааст.

Қобили зикр аст, ки Академияи ҳарбии ба номи маршал Фаҳим дар яке аз канораҳои шаҳри Кобул воқеъ буда, барои таҳсили афсарон пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда низ дар Кобул бар асари амали террористӣ 103 нафар ҳалок шуданд. Ҷангии маргталаб дастгоҳи таркандаро бо истифода аз мошини ёрии таъҷилӣ ба кор даровард. Масъулияти ин амали террористиро ҳаракати Толибон ба дӯш гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.