Прокуратураи генералӣ ҷабрдидагон аз ширкатҳои сайёҳиро ҷустуҷӯ дорад

Аз тоҷикистониёни ҷабрдида аз ширкатҳои сайёҳии машғул ба фиристодани шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ муроҷиат ба ин мақомот дархост шуд. Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки агар қурбонии се ширкати машғул ба фиристодани муҳоҷирон ба Арабистони Саудӣ шуда бошанду дар он ҷо бо нақзи қарордод онҳоро ба кор дар хонаҳои сокинони ин кишвар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Аз тоҷикистониёни ҷабрдида аз ширкатҳои сайёҳии машғул ба фиристодани шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ муроҷиат ба ин мақомот дархост шуд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки агар қурбонии се ширкати машғул ба фиристодани муҳоҷирон ба Арабистони Саудӣ шуда бошанду дар он ҷо бо нақзи қарордод онҳоро ба кор дар хонаҳои сокинони ин кишвар маҷбур карда бошанд, ба ин мақомот муроҷиат намоянд.

Ин ҷо сари ширкатҳои сайёҳии «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» сухан меравад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардри Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳим Ҷамшед Мирзохонзода хабар дод, айни замон тафтиши парванда нисбати роҳбарони се ширкати номбаршуда идома дорад.

«Барои муайян кардани шумори тоҷикистониёне, ки аз ҷониби ин ширкатҳо ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд, мо ҳамчунин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо низ муроҷиат карда, посухи онҳоро интизорем. Парвандаи чанд тан ҷабрдидагон аз ин ширкатҳоро, ки тариқи ВАО маълум шуд, ба ин парванда ҳамроҳ карда, аз ҳамаи он касоне, ки аз амали ин ширкатҳо осеб дидааст, дархост дорем, ки ба мо тариқи телефони боварии (+992 37) 2 35 11 11 муроҷиат намоянд», – гуфт Мирзохонзода.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи сентябр Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нисбати роҳбарони 3 ширкате, ки ҷиҳати ба муҳоҷират ба Арабистони Саудӣ фиристодани тоҷикистониён машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Вобаста ба ҳолати хариду фурӯши одамон бо мақсади суиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ аз ҷониби кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаи  1301 қисми 2 бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот  дар ин самт идома  дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.