Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯхтор дар вилояти Маскав

Тибқи маълумоти ахир, аз ин ҳодиса 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидаанд, ки 2 нафарашон дар ҷойи ҳодиса ва ду тани дигар дар бемористон ҳалок шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости. Бино ба иттилои сомонаи КрасногорскOnline, нимаи рӯзи 28 январ дар яке манзилҳо дар хонаҳои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав сӯхтор сар мезанад. Дар […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти ахир, аз ин ҳодиса 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидаанд, ки 2 нафарашон дар ҷойи ҳодиса ва ду тани дигар дар бемористон ҳалок шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино ба иттилои сомонаи КрасногорскOnline, нимаи рӯзи 28 январ дар яке манзилҳо дар хонаҳои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав сӯхтор сар мезанад.

Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода гуфтаанд,  оташ майдони 50 метри мураббаъро фаро гирифта, ба хомӯш кардани он 44 нафар ҳайати шахсии дастаи оташнишонон ва 13 адад техника сафарбар шудааст.

Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин ҳодиса 4 нафар – ду шахси калонсол ва ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Падар бо ду кӯдакаш худро аз тирезаи ошёнаи 6-ум ба берун мепартоянд. Онҳоро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурда, баъди чанде мард вафот мекунад. Зан аз дуд заҳролуд шуда, ҳалок мешавад. Ҷасади 1 кӯдак дар хонаи оташгирифта дарёфт мегардад.

Се тан аз ҷабрдидагон – зан ва ду кӯдак ба бемористони шаҳри Красногорск интиқол меёбанд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии вилояти Маскав, осебдидагон дар ҳолати хеле вазнин қарор доранд. Шомгоҳон маълум шудааст, ки як кӯдаки дигар низ дар бемористон ҷон додааст.

Гуфта мешавад, ҳолатҳои рух додани ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дошта, тибқи баъзе маълумот сабаби сӯхтор таркиши балони газ аст. Навбатдор соати 12:50 дақиқа занг дар бораи сӯхторро қабул карда, баъди 50 дақиқа он хомӯш карда шудааст. Аз ин хонаи истиқоматии баландошёна 135 нафар ба берун бароварда шудаанд.

Зикр мегардад, ки дар ин хона 9 нафар зодагони Тоҷикистон иқомат дошта, се нафарашон кӯдакон будаанд. Ҳузури қонунии онҳо дар қаламрави Русия санҷида мешавад. Бар асари сӯхтор зану кӯдакаш дар ҷойи ҳодиса ва баъдтар марду писари ноболиғаш ҳалок шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.