Ҷараёни тафтиши парвандаи роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон

Роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон ва рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов санаи 29 январ ба синни 40-солагӣ қадам ниҳод. Сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бояд 5 феврал ба итмом расад. «Айни замон тафтиши парванда идома дошта, лекин агар мақомоти прокуратура зарур шуморад, мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон ва рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов санаи 29 январ ба синни 40-солагӣ қадам ниҳод.

Сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бояд 5 феврал ба итмом расад.

«Айни замон тафтиши парванда идома дошта, лекин агар мақомоти прокуратура зарур шуморад, мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон муҳлати тафтиш метавонад боз ба ду моҳ ё як соли дигар дароз карда шавад», – иброз дошт номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳисоботҳои Мирсаидов тӯли се соли ахир мавриди санҷиш қарор гирифта, дар ин ҳуҷҷатҳо маълумоти молиявӣ кофӣ нест.

«Қаблан зикр гардида буд, ки тибқи фарзияи тафтишот, Хайрулло Мирсаидов беш аз 300 ҳазор сомониро дуздидааст, аммо рақами саҳеҳ баъди анҷоми санҷиш маълум мешавад», – афзуд сарёвари прокурори вилоят.

Рӯзи 26 январ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тафтиши парванди ҷиноӣ нисбати Мирсаидов зери муҳри махфӣ сурат нагирифта, бо анҷоми тафтишот прокуратура тафсилоти масъалаи мазкурро ба васоити ахбори умум пешниҳод хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Қаблан дар маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» сабаби мутобиқи моддаи 189, қ. 1, банди «г» (барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ) ба Мирсаидов пешниҳод шудани айбномаро шарҳ дода натавониста, зикр карданд, ки «ин сирри тафтишот аст» ва ҷузъиёти он баъдтар ифшо хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.