Нашъаҷаллоби 13 сол гуреза ба 19 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Рӯдакӣ сокини маҳаллӣ Ҷамолиддин Муҳиддиновро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовари сахттаъсири героин ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Бино  ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи феврали соли 2005 Муҳиддинов ва ҳаммаслакони ӯ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ аз “Абдухолиқ” ном шахси ба тафтишот номаълум, […]

Аваз Юлдошев

Суди ноҳияи Рӯдакӣ сокини маҳаллӣ Ҷамолиддин Муҳиддиновро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовари сахттаъсири героин ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Бино  ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи феврали соли 2005 Муҳиддинов ва ҳаммаслакони ӯ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ аз “Абдухолиқ” ном шахси ба тафтишот номаълум, шаҳрванди Афғонистон ба маблағи 40 ҳазор доллар 136,4 кило героин мехаранд.

«Маводи нашъаоварро дар деҳаи Нишони Ленини ҷамолати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ пинҳон мекунанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин огаҳӣ ёфта, онро мусодира мекунанд. Он замон ба Муҳидинов муяссар мешавад, ки паноҳ барад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратури генералӣ ва қайд кард, ки маҳкумшуда муддати 13 сол гуреза буда, танҳо соли 2017 боздошташ муяссар гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аз моҳи феврали соли 2005 то соли гузашта Муҳиддинов мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, бо ҳузур дар Тоҷикистону берун аз ҳудуди он тез-тез макони зисташро иваз мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.