Соли 2017 Афғонистон аз Тоҷикистон ба маблағи 50 млн. доллар барқ харид

Айни замон интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд ба хотири коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ амалӣ мешавад. «Аз 1 октябри соли гузашта ба вилояти Кундузи Афғонистон ҳамагӣ то 50 мегаватт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Дар навбати аввал ин барои нигаҳдории коршоямии хатҳои интиқоли барқ анҷом мепазирад, чунки агар онҳо зери […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Айни замон интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд ба хотири коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ амалӣ мешавад.

«Аз 1 октябри соли гузашта ба вилояти Кундузи Афғонистон ҳамагӣ то 50 мегаватт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Дар навбати аввал ин барои нигаҳдории коршоямии хатҳои интиқоли барқ анҷом мепазирад, чунки агар онҳо зери шиддати ҷараёни барқ қарор надошта бошанд, эҳтимоли дуздии онҳо имкон дорад. Ҷониби Афғонистон афзоиши ҳаҷми интиқолро дархост намуд, лекин мо ба онҳо фаҳмонидем, ки ин дархосташонро иҷро карда наметавонем», – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар мавсими тобистон Тоҷикистон Афғонистонро дар ҳама гуна ҳаҷм бо нерӯи барқ таъмин карда метавонад.

«Мавсими тобистони соли гузашта мо партоби холии оби баробар ба истеҳсоли беш аз 10 млрд. кВт/соат нерӯи барқро анҷом додем, аммо ҳаҷми дархосткардаи кишвари ҳамсоя аз 320 мегаватт зиёдтар набуд», – иброз дошт вазир.

Зимнан таъкид шуд, ки нархи фурӯши барқ ба Афғонистон 4 сент (каме бештар аз 35 дирам) барои 1 кВт/соат муқаррар шудааст. «Тарифи миёна барои истеъмолгарон дар дохили кишвар соли гузашта 17,6 дирамро ташкил дод», – илова намуд Усмонзода.

Тибқи маълумоти Вазорат, соли 2017 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 456 млн. сомонӣ (беш аз 50 млн. доллар) зиёда аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.