ВКД маълумоти марги фармондеҳи фирории ОМОН-ро месанҷад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Саҳеҳияти маълумоти дастрасшуда аз расонаҳои гуногун дар бораи марги фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ то имрӯз тасдиқ нашуда, мо онро санҷида истодаем, – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

Вазир қайд кард, ки тибқи маълумоте, ки онҳо дар даст доранд, соли гузашта дар қаламрави Ироқу Сурия 250 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангиданд ҳалок шуда, 117 нафар ихтиёрӣ аз ин кишварҳо ба ватан баргаштаанд.

Дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» дар мавриди имкони истирдоди полковники ошӯбгари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбериев ба Душанбе, ки тибқи баъзе маълумот дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дорад, Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки тайи соли охир ҳамкориҳои судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари ҳамсоя ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтанд.

«Мо ният дорем, ки ҳамкориҳои мутақобиларо бо Ӯзбекистон дар самти мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккил тақвият бахшем», – гуфт Раҳимзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта дар қаламрави кишвар 392 шаҳрвандоне, ки бо созмонҳои террористӣ, аз қабили Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Давлати исломӣ, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» робита доштанд, дастгир шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.