ВКД маълумоти марги фармондеҳи фирории ОМОН-ро месанҷад

– Саҳеҳияти маълумоти дастрасшуда аз расонаҳои гуногун дар бораи марги фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ то имрӯз тасдиқ нашуда, мо онро санҷида истодаем, – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода. Вазир қайд кард, ки тибқи маълумоте, ки онҳо дар даст доранд, соли гузашта дар қаламрави […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Саҳеҳияти маълумоти дастрасшуда аз расонаҳои гуногун дар бораи марги фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ то имрӯз тасдиқ нашуда, мо онро санҷида истодаем, – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

Вазир қайд кард, ки тибқи маълумоте, ки онҳо дар даст доранд, соли гузашта дар қаламрави Ироқу Сурия 250 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангиданд ҳалок шуда, 117 нафар ихтиёрӣ аз ин кишварҳо ба ватан баргаштаанд.

Дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» дар мавриди имкони истирдоди полковники ошӯбгари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбериев ба Душанбе, ки тибқи баъзе маълумот дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дорад, Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки тайи соли охир ҳамкориҳои судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари ҳамсоя ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтанд.

«Мо ният дорем, ки ҳамкориҳои мутақобиларо бо Ӯзбекистон дар самти мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккил тақвият бахшем», – гуфт Раҳимзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта дар қаламрави кишвар 392 шаҳрвандоне, ки бо созмонҳои террористӣ, аз қабили Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Давлати исломӣ, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» робита доштанд, дастгир шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.