Имтиёзҳои пардохти андоз барои воридоти мошинҳои нави хориҷӣ

Зимнан барои воридоти автомашинаҳои нав имтиёзҳо аз пардохти андоз пешниҳод мешаванд. Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки на беш аз як сол пеш истеҳсол шудаанд, 50 фоиз аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда мешаванд. Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тағйироти дахлдор дар ин хусус […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимнан барои воридоти автомашинаҳои нав имтиёзҳо аз пардохти андоз пешниҳод мешаванд. Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки на беш аз як сол пеш истеҳсол шудаанд, 50 фоиз аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда мешаванд.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тағйироти дахлдор дар ин хусус ба Кодекси андоз санаи 7 феврал аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул ва ин иқдом бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли гузашта ба воридкунандагони автомашинаҳои хориҷӣ имтиёзҳо ҷорӣ шуда буданд: меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба кишвар 50 фоиз кам шуд.

Он замон автомашинаҳое нав шуморида мешуданд, ки на беш аз як сол пеш истеҳсол шуда, масофаи умумии тайкардаашон аз 10 ҳазор километр зиёд набошад. Ин навгонӣ ба ҳама навъи нақлиёт – боркашу мусофирбар, сабукрав ва махсус дахл дошт.

Дар баробари имтиёзҳо, ҳафтаи оянда, аз 15 феврал воридоти автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ мешавад. Қарори ҳукумат дар ин бора 27 январи имсол ба имзо расида буд.

Зимни ҷаласаи васеи ҳукумат рӯзи 18 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор баррасии масъалаи воридоти автомашинаҳои кӯҳна ба ҷумҳуриро дастур дода, аз зиёни бузурги онҳо ба вазъи экологӣ ва сербору сермошин будани роҳҳои пойтахт нигаронӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.