Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов дароз шуд

Муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон ва рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд. «Муҳлат бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда дароз карда шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова. Ёдрас мекунем, ки тафтиши парвандаи ҷиноии […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон ва рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

«Муҳлат бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда дароз карда шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова.

Ёдрас мекунем, ки тафтиши парвандаи ҷиноии Мирсаидов ба дӯши прокуратураи вилояти Суғд вогузор шудааст. Айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Санаи 5 феврал муҳлати думоҳаи ҳабси пешакии ӯ ба итмом расид.

Қаблан Ғоибназарова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки айни замон ҳисоботҳои Мирсаидов тӯли се соли ахир мавриди санҷиш қарор гирифта, дар ин ҳуҷҷатҳо маълумоти молиявӣ кофӣ нест.

«Қаблан зикр гардида буд, ки тибқи фарзияи тафтишот, Хайрулло Мирсаидов беш аз 300 ҳазор сомониро дуздидааст, аммо рақами саҳеҳ баъди анҷоми санҷиш маълум мешавад», – илова карда буд сарёвари прокурори вилоят.

Рӯзи 26 январ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тафтиши парванди ҷиноӣ нисбати Мирсаидов зери муҳри махфӣ сурат нагирифта, бо анҷоми тафтишот прокуратура тафсилоти масъалаи мазкурро ба васоити ахбори умум пешниҳод хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.