Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар маркази тиҷорати «Созидание» маърӯзаи кушоди Ҷумъаев Уктам Мирзоёрович, номзади илмҳои иқтисодӣ «Индекси шаффофияти буҷети Тоҷикистон: вазъи рушд, мушкилот ва дурнамо» пешниҳод мешавад. Оғоз соати 16:00; – Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 100-солагии оҳангсоз Сулаймон Юдаков опереттаи «Проделки Майсары» (Найрангҳои Майсара) намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00; […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар маркази тиҷорати «Созидание» маърӯзаи кушоди Ҷумъаев Уктам Мирзоёрович, номзади илмҳои иқтисодӣ «Индекси шаффофияти буҷети Тоҷикистон: вазъи рушд, мушкилот ва дурнамо» пешниҳод мешавад. Оғоз соати 16:00;

– Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 100-солагии оҳангсоз Сулаймон Юдаков опереттаи «Проделки Майсары» (Найрангҳои Майсара) намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00;

– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:

– Бонки миллии Тоҷикистон – оғоз соати 09:00;

– Раҳбарияти Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти ҶТ – оғоз соати 09:00 дар маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»;

– Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор – оғоз соати 10:00;

– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ – оғоз соати 11:00 дар бинои Маркази санитарӣ-эпидемиологӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8174 сомонӣ;

1 евро – 10.7907 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1524 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1990 — Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон паҳн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ шуданд.

2004 – Дар Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Султонов бо духтар ва ҷиянаш мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Хуршеда Султоноваи 9-сола аз ҷароҳатҳои зиёд ба ҳалокат расид.

2008 — Қарори ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдудияти воридоти автомобил бо чанбараки тарафи рост мавриди амал қарор гирифт.

2015 — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҲНИТ-ро барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа боздошт кард.

1921 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нормат Каримов.

1927 – Мавлуди нависанда Нӯъмон Розиқ.

1954 – Зодрӯзи ҳунарманди шоистаи балет Валерий Алибоев.

1959 — Мавлуди вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов.

1875 – Зодрӯзи шоир Бобоюнус Худойдодзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -20-25, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф). 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона +3+5.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.