Талаби ихроҷ ва ошӯби муҳоҷирон дар қабулгоҳи Красноярск

Дар яке аз боздоштгоҳҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Красноярск наздики 20 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо талаби беҳтар кардани шароити будубош ё ҳарчи зудтар ба ватанашон ихроҷ шудан даст ба бетартибиҳои оммавӣ заданд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишоти ВКД ФР дар кишвари Красноярск. Ходиса субҳи санаи 3 феврал рух дода, тибқи маълумоти пешакӣ, наздики 20 нафар шаҳрвандони […]

Asia-Plus

Дар яке аз боздоштгоҳҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Красноярск наздики 20 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо талаби беҳтар кардани шароити будубош ё ҳарчи зудтар ба ватанашон ихроҷ шудан даст ба бетартибиҳои оммавӣ заданд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишоти ВКД ФР дар кишвари Красноярск.

Ходиса субҳи санаи 3 феврал рух дода, тибқи маълумоти пешакӣ, наздики 20 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар се ҳуҷраи боздоштгоҳ дар ошёнаи якум нигаҳдорӣ мешуданд, сангар сохта, худро дар дохили бино маҳкам кардаанд.

«Онҳоро кӯрпаҳоро сӯзонида, якчанд камераҳои мушоҳидаи видеоиро вайрон кардаанд ва ба ин васила, фаъолияти муассисаро халалдор сохтанд. Талаби асосии ошӯбгарон беҳтар намудани шароити будубош ва ҳарчи зудтар ихроҷ кардан ба ватан буд», – омадааст дар маълумот.

Ин ҳолат ҳамчун ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ арзёбӣ мешавад. Аз рӯи ин далел мақомоти тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар кишвари Красноярск мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноии Русия (иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд, ки дар аз 3 то 8 сол ҷазои зиндон пешбинӣ мешавад.

Дар ҷараёни амалиёти фаврии кормандони пулис бо дастгирии намояндагони «Росгвардия» ба бетартибиҳои оммавӣ хотима бахшида шуда, ташкилкунандагон ва ҳамаи иштирокчиёни он ба муассисаҳои махсус интиқол ёфтаанд.

Айни замон нисбати ду нафар саркардагони бетартибиҳои оммавӣ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан амалӣ шуда, боз як иштирокчии он, ки бо дастури ташкилкунандагон амволи муассисаи махсусро оташ мезад, бо аломатҳои ҷинояти моддаи 91 боздошт шудааст.

КМҶ ФР – Мақомоти бозпурсӣ, бозпурс, муфаттиш ба боздошти шахси гумонбар ба содир кардани ҷиноят, ки барои он ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ дорад.

Гуфта мешавад, тафтиши парвандаи ҷиноӣ идома дорад. Дар бораи шаҳрванди кадом кишварҳо будани ошӯбгарон маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» манобеи наздик ба тафтишот хабар доданд, ки бо иттиҳоми ташкили ошӯб дар боздоштгоҳи Красноярск ду шаҳрванди Озарбойҷон – Элчин А. ва Элшан Г. ва шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Мӯҳсин Н. дастгир шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.