Оғози Бозиҳои XXIII олимпии зимистона – 2018

Имрӯз дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ Бозиҳои XXIII олимпии зимистон оғоз мегарданд. Намояндагони Тоҷикистон дар он иштирок намекунанд. Бино ба маълумоти ТАСС, маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ имрӯз дар боғи олимпии Хвэнге, воқеъ дар фароғатгоҳи лижаронии кӯҳии Алпензия баргузор мешавад. Гуфта мешавад, замони баргузории чорабинӣ ҳарорати ҳаво 10 дараҷа хунук шуда, бисёре аз варзишгарон барои шамол нахӯрдан, […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ Бозиҳои XXIII олимпии зимистон оғоз мегарданд. Намояндагони Тоҷикистон дар он иштирок намекунанд.

Бино ба маълумоти ТАСС, маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ имрӯз дар боғи олимпии Хвэнге, воқеъ дар фароғатгоҳи лижаронии кӯҳии Алпензия баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, замони баргузории чорабинӣ ҳарорати ҳаво 10 дараҷа хунук шуда, бисёре аз варзишгарон барои шамол нахӯрдан, аз иштирок дар маросими ифтитоҳ даст кашидаанд.

Иштироки худро дар ин Бозиҳо 2925 нафар варзишгарон аз 92 кишвари дунё тасдиқ карданд. Дар Бозиҳои Сочи-2014 аз 88 кишвар 2858 нафар варзишгарон ширкат варзида буданд. Намояндагони Малайзия, Сингапур, Эквадор, Эритрея, Нигерия ва Косово бори нахуст бозиҳои зимистона иштирок мекунанд.

Дастаи Кореяи Шимолӣ ба кквотаи махсус соҳиб шуд. Ин давлатро 22 нафар варзишгарон, аз ҷумла 12 нафар иштирокчии дастаи ягонаи занонаи хоккейи байникореягӣ намояндагӣ мекунанд.

Ба сифати тилисми Бозиҳои олимпии зимстона-2018 паланг бо номи Сухоран (Soohorang) интихоб шудааст, ки дар ривоятҳои кореягиҳо рамзи эътимод, нерӯ ва ҳимоя мебошад.

Иштирокчиёни Бозиҳо дар ду деҳаи олимпӣ зиндагӣ мекунад, ки якеаш дар Пхёнчхан то 3900 ва дигарӣ дар Каннин тақрибан 2900 варзишгарону шахсони расмӣ ва меҳмононро қабул карда метавонад.

Бозиҳо аз рӯи 15 намуди варзиш ва 102 мусобиқа (102 медал) баргузор мешавад. Маросими анҷоми Бозиҳо санаи 25 феврал доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.