Боздошти мудири анбори Кӯлоб ба гумони фурӯши дорувории бепул

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯи далели фурӯши дорувориҳои гуманитарӣ мудири анбори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб Назар Раҷабовро боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, номбурда ба фурӯши дорувориҳои гуманитарии марбут ба бемориҳои сил, ки аз барномаи хориҷии "НОРЕ" ба Тоҷикистон ворид […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯи далели фурӯши дорувориҳои гуманитарӣ мудири анбори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб Назар Раҷабовро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, номбурда ба фурӯши дорувориҳои гуманитарии марбут ба бемориҳои сил, ки аз барномаи хориҷии "НОРЕ" ба Тоҷикистон ворид гардидааст, машғул гардида, аз шаҳрванд «А» барои дастрас намудани ин навъи доруворӣ, ки бояд ройгон дода мешуд, 5000 сомонӣ талаб намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ мудири анбор зимни ба шаҳрванд «А» фурӯхтани дорувории зикргардида, дастгир гардида, маблағи 5000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати боздоштшуда бо моддаи 257 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Дар ин моддаи қонунгузорӣ ҷарима дар ҳаҷми то 64 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 7 сол пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.