Ҳукумат тақдири минбаъдаи «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро ҳал мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумат пешниҳодҳо нисбати тақдири минбаъдаи фаъолияти ду бонки дучори мушкилоти кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар мавриди ҷорӣ кардани идоракунии берунӣ ва навсозии сохтори ин бонкҳоро баррасӣ дорад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди Вазорати молия гурӯҳи кории махсус таъсис ёфта, ояндаи наздик ҷаласаи ин комиссяи доир мегардад, ки дар он пешниҳодҳои мушаххаси тақдири ояндаи ин бонкҳо баррасӣ ва таҳлил мешаванд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки соли гузашта ҳукумат ба ин бонкҳо дар ҳаҷми беш аз 3 млрд. сомонӣ кумак карда, шарташ ин буд, ки давоми сол бонкҳо сармоягузорӣ ҷалб кунанд, аммо соли 2017 бонкҳо ба ҷалби сармоягузориҳо муваффақ нашуданд.

Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, айни замон «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба амонатгузорон дар маҷмӯъ тақрибан 1,5 млрд. сомонӣ қарздоранд ва аз ҳисоби фурӯши амволи худ метавонанд ин маблағҳоро баргардонанд.

«Агар бонкҳо амволи худро бо нархи ҳозира, на бо арзиши се сол пеш пешниҳод кунанд, он ба фурӯш меравад. Мо ҳамарӯза бо ин бонкҳо кор мекунем, ситоди махсус амал мекунад. Мувофиқи имкон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пешрафти кори онҳо мусоидат мекунем. Натиҷаҳои мушаххас ҳастанд», – афзуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.