Ҳукумат тақдири минбаъдаи «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро ҳал мекунад

Ҳукумат пешниҳодҳо нисбати тақдири минбаъдаи фаъолияти ду бонки дучори мушкилоти кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар мавриди ҷорӣ кардани идоракунии берунӣ ва навсозии сохтори ин бонкҳоро баррасӣ дорад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди Вазорати молия гурӯҳи кории махсус таъсис ёфта, ояндаи наздик […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумат пешниҳодҳо нисбати тақдири минбаъдаи фаъолияти ду бонки дучори мушкилоти кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар мавриди ҷорӣ кардани идоракунии берунӣ ва навсозии сохтори ин бонкҳоро баррасӣ дорад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди Вазорати молия гурӯҳи кории махсус таъсис ёфта, ояндаи наздик ҷаласаи ин комиссяи доир мегардад, ки дар он пешниҳодҳои мушаххаси тақдири ояндаи ин бонкҳо баррасӣ ва таҳлил мешаванд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки соли гузашта ҳукумат ба ин бонкҳо дар ҳаҷми беш аз 3 млрд. сомонӣ кумак карда, шарташ ин буд, ки давоми сол бонкҳо сармоягузорӣ ҷалб кунанд, аммо соли 2017 бонкҳо ба ҷалби сармоягузориҳо муваффақ нашуданд.

Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, айни замон «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба амонатгузорон дар маҷмӯъ тақрибан 1,5 млрд. сомонӣ қарздоранд ва аз ҳисоби фурӯши амволи худ метавонанд ин маблағҳоро баргардонанд.

«Агар бонкҳо амволи худро бо нархи ҳозира, на бо арзиши се сол пеш пешниҳод кунанд, он ба фурӯш меравад. Мо ҳамарӯза бо ин бонкҳо кор мекунем, ситоди махсус амал мекунад. Мувофиқи имкон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пешрафти кори онҳо мусоидат мекунем. Натиҷаҳои мушаххас ҳастанд», – афзуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?