Афзалиятҳо кадоманд? Ё 100 млн. доллар ба чӣ харҷ шавад?

Asia-Plus

Зиёни расида ба Тоҷикистон соли 2017 аз офатҳои табиӣ 400-500 млн. доллар арзёбӣ мешавад. Маблағи хеле бузург аст. Вале барои коҳиши ин талафот мо чӣ кор мекунем? Биёед мебинем.

Бо назардошти роҳу пулҳои харобшуда ва дигар иншооти зербино, ин маълумот ба наздикӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дастрас шуд.

Пешакӣ тахмин наметавон кард, ки дар куҷо боз офате рух дода, ба харобиҳову талафот боис мегардад, вале хатари офатҳои табииро ҳамеша метавон коҳиш дод.

Моҳи январи соли гузашта бар асари тармафароиҳо дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд 17 нафар ҳалок шуданд. Он замон мутахассисон исрор доштанд, ки беш аз 5,5 километри ин роҳ ба иншооти иловагии муҳофизатӣ (галереяҳо) ниёз дорад. Нархи наҷоти ҳаёти одамон – 55 галерея ё худ айвонҳои муҳофизатии иловагӣ – 51,5 млн. доллар аст.

Кӣ онҳоро месозад?

Чанде қабл Вазорати нақлиёт муфассал чӣ тадбир андешиданро ба мо шарҳ дод, вале аз куҷо дастрас кардани мабағ барои анҷоми ин корро онҳо намедонанд. Ширкати хизматрасони роҳ – IRS низ дар ҳамин ҳол аст. Барои сохтмони галереяҳо ширкат пул надорад, зеро плазаҳои нави толлингӣ бунёд намуда, техника харид ва 21 километри роҳро аз таъмир баровард, ки барои он маблағи зиёд сарф шуд.

Галереяҳо шояд намунаи барҷастаи ҳарчи зудтар дарёфти воситаҳо барои иҷро ин кор аст. Барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дигар иқдомҳо низ муҳиманд. Масалан, солҳои зиёдест Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, онҳо барои анҷоми корҳои фаврии наҷотдиҳӣ чархбол надоранд, вале Тоҷикистон барои ин пул надорад. Барои хароҷотҳои бодабдаву пурҳашамат  бошад, воситаҳо (худӣ ё қарзгирифта) ёфт мешаванд.

Дар ҷадвали зер дар бораи айни замон чӣ миқдор ва ба кадом иншоот сарф шудани маблағҳо маълумот оварда шудааст.

Ва ин ҳам танҳо қисмате аз хароҷот аст ва гуфта наметавонем, ки тамоман нолозим, вале дақиқан аввалиндараҷа нест. Хотиррасон мекунем, ки барои сохтани ҳамон галереяҳо 51 млн. доллар маблағ лозим аст. Ва онҳо барои наҷоти ҳаёти мардум кумак мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.