Маблағгузории Чин ба корҳои эҳёи реактори ядроии «Аргус» дар Тоҷикистон

Аваз Юлдошев

Ба корҳои дубора ба фаъолият оғоз намудани реактори ядроии «Аргус» дар Тоҷикистон корпоратсияи давлатии «Китайатом»-и Чин низ ҳамроҳ мешавад.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар корҳои барқарор кардани фаъолияти «Аргус» ҳамчунин корпоратсияи «Росатом» низ саҳм хоҳад гузошт.

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ миёни Тоҷикистону корпоратсияи «Росатом»-и Русия як сол пеш – 28 феврали соли 2017 зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар созишнома дар навбати аввал иштироки олимони русиягӣ дар барқарор кардани реактори ядроии «Аргус», масоили омода кардани кадрҳо аз Тоҷикистон дар заминаи мактабҳои олии Русия ва пажуҳишгоҳҳо дар соҳаи энергиияи атомӣ пешбинӣ шудааст.

«Ҷониби Чин низ дар ин лоиҳа иштирок мекунад, вале танҳо дар мавриди маблағгузории лоиҳа, ки анҷоми корҳои он охири соли 2020 дар назар аст. Байни Тоҷикистону Чин чанде қабл дар ин самт ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид», – иброз дошт Раҳимӣ.

Зимнан зикр гардид, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон айни замон вазъ ва таъиноти реактор, муайян кардани имконоти техникӣ ва дурнамои истифодаи онро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Мувофиқи барномаи давлатии соли 2015 қабулшуда, то соли 2020 реактори ядроӣ бояд пурра ба корҳо дар тамоми самтҳои илмӣ оғоз кунад.

Барои амалисозии барномаи барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори ядроии таҳқиқотии «Аргус-ФТИ» барои давраи солҳои 2016-2020 ҷудо шудани 35 млн. доллар маблағ пешбинӣ шудааст.

Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, маҳсулоте, ки дар реактори ядроии «Аргус» баъди барқарор кардани фаъолияти он истеҳсол мешавад, дар саросари ҷаҳон серхаридор ва серталаб хоҳад буд.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Фарҳод Раҳимӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар реактор истеҳсоли дорувории тиббӣ барои муолиҷаи бемориҳои саратон дар назар аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон беморони саратон ҳамагӣ 10 фоиз бо дорувории зарурӣ таъмин мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.