Наврас бо «Лексус»-и падараш пиёдагардро дар маркази пойтахт пахш кард

Воқеа шоми рӯзи якшанбе рух дод: хонандаи мактаб донишҷӯро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 11 феврал тақрибан соати 23:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар кӯчаи Синои пойтахт садамаи нақлиёт ба амал омад. «Автомашинаи тамғаи «Лексус RХ-330» таҳти идораи ноболиғ Ҳадятуллоҳ Сайдалиев (с/т 2001) роҳгузари 19-сола, донишҷӯи […]

Asia-Plus

Воқеа шоми рӯзи якшанбе рух дод: хонандаи мактаб донишҷӯро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 11 феврал тақрибан соати 23:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар кӯчаи Синои пойтахт садамаи нақлиёт ба амал омад.

«Автомашинаи тамғаи «Лексус RХ-330» таҳти идораи ноболиғ Ҳадятуллоҳ Сайдалиев (с/т 2001) роҳгузари 19-сола, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи кӯҳии металлургӣ Сомонӣ Қурбоновро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагард Сомонӣ Қурбонов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Қайд мешавад, ки дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст, ки ронандаи автомашина Ҳадятуллоҳ Сайдалиев хонандаи синфи 9-уми яке аз мактабҳои пойтахт мебошад ва автомашинаи таҳти идораи ӯ қарордошта ба падараш Абдулҳамид Сайдалиев тааллуқ дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҳадятуллоҳ Сайдалиев ба гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.