Оғози кори боз як гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

tojiki

Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар марз бо ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон гузаргоҳи «Андархон» ба фаъолият оғоз намуд, менависад Подробно. уз.

Гузаргоҳи назорати сарҳадии «Андархон-Патар», ки қаблан баста шуда буд, рӯзи 10 феврал фаъолияти худро дубора барқарор кард. Ифтитоҳи он яке аз иқдомҳои амалисозии қарордодҳо миёни кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи байниҳукуматӣ мебошад, хабар додааст барномаи «Ахборот 24».

Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон айни замон баррасии масъалаҳои марбут ба бекор кардани маҳдудиятҳо дар тиҷорату савдо, якхела кардани тарифҳои боркашонӣ, таъмиру барқарор кардани роҳҳои байнидавлатӣ ва бекор шудани реҷаи равуои бидуни раводид идома дорад.

Моҳи марти имсол сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар буда, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки зимни ин сафар бисёре аз масъалаҳои баҳснок миёни кишварҳо ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=LSCzlJadZhk

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

То ин замон миёни давлатҳо барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ – «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода ва «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд амал мекарданд.

Ғайр аз ин, имрӯз барои ҳаракати қатора ду гузаргоҳи роҳи оҳан низ дар самти шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом фаъолият доранд.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии назоратии 8 сол қабл басташудаи Панҷакент – Самарқанд низ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...