Соли 2017 БМТ ба бозори асъор 300 млн. доллар ворид кард

Давоми соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) баҳри дастгирии қурби пули миллӣ ба бозори асъор дар ҳаҷми 300 млн. доллар маблағ ворид намуд. «Бо мақсади таъмини талабот ба доллар дар ин давра ба ташкилотҳои қарзӣ тақрибан 300 млн. доллар маблағ дода шуд», – хабар доданд дар Бонки миллӣ. Қайд мешавад, ки соли гузашта дахолат ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) баҳри дастгирии қурби пули миллӣ ба бозори асъор дар ҳаҷми 300 млн. доллар маблағ ворид намуд.

«Бо мақсади таъмини талабот ба доллар дар ин давра ба ташкилотҳои қарзӣ тақрибан 300 млн. доллар маблағ дода шуд», – хабар доданд дар Бонки миллӣ.

Қайд мешавад, ки соли гузашта дахолат ба бозори асъор (интервенсия) на аз ҳисоби захираи тилоову асъор, балки тавасути асъори бо рубли русӣ харидашуда амалӣ шуд.

«Соли 2017 сиёсати реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома ёфт», – таъкид мешавад дар маълумот.

Тибқи маълумоти БМТ, соли 2017 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,0 фоиз (дар соли 2016 – 10,8 фоиз) коҳиш ёфт. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, 12,4 фоиз (дар соли 2016 – 6,4 фоиз) боло рафт ва ба ҳолати 31 декабри соли 2017 фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдӣ ба 0,9 фоиз баробар шуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки давоми соли гузашта ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Бонки миллӣ беш аз ду баробар афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд.

Бо ишора ба махфӣ будани маълумот, Бонки миллӣ ҳаҷми захираҳои тиллову асъори худро ифшо намесозад.

Аммо аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми моҳонаи воридоти Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 250 млн. долларро ташкил дод. Бо такя ба ин рақам, метавон тахмин кард, ки ҳаҷми захираҳои тилову асъори Тоҷикистон наздики 1 млрд. 290 млн. долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.