Шумори заҳролудшудагон аз орд дар Ишкошим ба 34 нафар расид

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистн изҳор медорад, ки айни замон 34 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарианд. Қаблан дар бораи 19 тан аз заҳролудшудагон хабар расида буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳамаи 160 нафар сокинони ноҳияи Ишкошим бо мусоидати Вазорат ва ҷалби мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳия аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

«Аз ин шумор имрӯз 12 нафар кӯдакон ва 22 тан аз калонсолон дар бемористон бистарӣ шуданд. Миёни онҳо Наврӯзмоҳ Раҳматоваи 23-сола низ ҳузур дорад, ки дар ҳафтаи 17-18-уми ҳомиладорӣ мебошад ва зери назорати махсуси табибону мутахассисон қарор дорад», – гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба Насрингул Некӯшоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон, шумораи заҳролудшудаҳо дар ноҳияи Ишкошим аз рустании "гелиотроп" дар таркиби гандум ба 39 нафар расид.

Ёдрас мекунем, ки сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз орди гандуме, ки соҳибкори маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ овардааст, заҳролуд шуданд. Баъдан маълум шудааст, ки дар таркиби гандум растании заҳролуд – гелиотроп мавҷуд будааст.

Гурӯҳи кории бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ташкилшуда, дар ноҳияи Ишкошим сабабҳои заҳролудшавии одамонро муайн карда, санаи 9 феврал раиси вилоят гурӯҳи мутахассион аз Вазорати тандурустиро қабул кардааст, ки барои муолиҷаи сокинони заҳролудшудаи Ишкошим омадаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.