«Неllо»: Милитсионерони тоҷик забони англисӣ меомӯзанд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Нигаҳбонони тартиботро дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони англисӣ ва риояи одобу муошират бо сайёҳони хориҷӣ уҳдадор карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба кормандони милитсияи машғул ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур додааст, ки барои риояи одоби суҳбат бо сайёҳон забони англисӣ омӯзанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, баъди аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ, вазир ба кормандони милитсия супориш додааст, ки забони англисиро омӯзанд, то ки дар суҳбату гуфтугӯ бо шаҳрвандони хориҷӣ душворӣ накашанд.

«Онҳо бояд забони англисиро аққалан дар сатҳи оддӣ донанд, яъне аз уҳдаи бо чӣ гуна суханон гуселу пешвоз гирифтан ва ба шаҳрвандони хориҷӣ фаҳмонида тавонистани дарёфти суроғаи зарурӣ бароянд», – қайд карда Умарҷони Эмомалӣ.

Машғулиятҳои забони англисӣ барои кормандони милитсия мувофиқи ҷадвал дар рӯзу соатҳои муайян гузаронида шуда, онҳо уҳдадоранд, ки дар вақти холигӣ аз хизмат дар машғулиятҳо иштирок кунанд.

«Аксари кормандони мо бо забони русӣ гуфтугӯ мекунанд ва хеле хуб мешуд, агар онҳо натанҳо забони англисиро фаҳманд, балки бо сайёҳони хориҷӣ бо ин забон суҳбат карда тавонанд», – илова намуд котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.