Тоҷикистон баҳри дастгирии буҷет 45 млн. доллар меҷӯяд

Ҳукумати Тоҷикистон давоми соли равон барои дастгирии буҷет 45 млн. доллар маблағ дарёфт карданист ва гуфтушунидҳо ҷиҳати кумак дар ин самт бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ идома доранд. «Гуфтушунидҳо дар мавриди ин масъала ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида буданд. Имсол дар робита ба ин масъала бо масъулини ташкилотҳои молии байнулмилалии муқими кишвар вохӯриҳо гузаронида шуданд», – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон давоми соли равон барои дастгирии буҷет 45 млн. доллар маблағ дарёфт карданист ва гуфтушунидҳо ҷиҳати кумак дар ин самт бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ идома доранд.

«Гуфтушунидҳо дар мавриди ин масъала ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида буданд. Имсол дар робита ба ин масъала бо масъулини ташкилотҳои молии байнулмилалии муқими кишвар вохӯриҳо гузаронида шуданд», – хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ умедворанд, ки аз гуфтушунидҳои ҷараёндошта натиҷаи мусбат ҳосил мешавад.

«Доир ба ин масъала мо бо ҳамаи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, ки шарикони рушд мебошанд, ҳамкорӣ дорем», – илова кардаанд дар Вазорати молия.

Давоми солҳои охир Тоҷикистон мунтазам ба дастгирии буҷети кишвар аз ҷониби мададрасонҳои хориҷӣ ниёз дорад.

Солҳои 2016-2017 ҳукумат аз Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми умумии 110 млн. доллар ва аз Иттиҳоди Аврупо ба маблагӣ 6 млн. доллар чунин кумак дарёфт кард.

Ба ивази дастгирии молиявӣ ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба Тоҷикистон як қатор шартҳо мегузоранд, ки ҳукумати кишвар онро бояд иҷро кунад.

Ин шартҳо асосан иборатанд аз баргузории ислоҳот дар ин ё он самт, масалан, беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ, фазои корӣ, содда кардани расмиёти бонкӣ ва ғайра.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.