«Неllо»: Милитсионерони тоҷик забони англисӣ меомӯзанд

Нигаҳбонони тартиботро дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони англисӣ ва риояи одобу муошират бо сайёҳони хориҷӣ уҳдадор карданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба кормандони милитсияи машғул ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур додааст, ки барои риояи одоби суҳбат бо сайёҳон забони англисӣ омӯзанд. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Нигаҳбонони тартиботро дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони англисӣ ва риояи одобу муошират бо сайёҳони хориҷӣ уҳдадор карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба кормандони милитсияи машғул ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур додааст, ки барои риояи одоби суҳбат бо сайёҳон забони англисӣ омӯзанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, баъди аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ, вазир ба кормандони милитсия супориш додааст, ки забони англисиро омӯзанд, то ки дар суҳбату гуфтугӯ бо шаҳрвандони хориҷӣ душворӣ накашанд.

«Онҳо бояд забони англисиро аққалан дар сатҳи оддӣ донанд, яъне аз уҳдаи бо чӣ гуна суханон гуселу пешвоз гирифтан ва ба шаҳрвандони хориҷӣ фаҳмонида тавонистани дарёфти суроғаи зарурӣ бароянд», – қайд карда Умарҷони Эмомалӣ.

Машғулиятҳои забони англисӣ барои кормандони милитсия мувофиқи ҷадвал дар рӯзу соатҳои муайян гузаронида шуда, онҳо уҳдадоранд, ки дар вақти холигӣ аз хизмат дар машғулиятҳо иштирок кунанд.

«Аксари кормандони мо бо забони русӣ гуфтугӯ мекунанд ва хеле хуб мешуд, агар онҳо натанҳо забони англисиро фаҳманд, балки бо сайёҳони хориҷӣ бо ин забон суҳбат карда тавонанд», – илова намуд котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.