Шавкат Мирзиёев барои дастгирии тоҷирони тоҷик 100 млн. доллар ҷудо мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Душанбе дар бораи аз ҷониби Тошканд ҷудо шудани 100 млн. доллар баҳри дастгирии тоҷирони тоҷик созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо мерасад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, маблағи ҷудошуда ба сифати қарзи имтиёзнок ба суратҳисоби яке аз бонкҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд, лекин номи бонк мушаххасан зикр нашуд.

«Тибқи шартҳои ҷониби Ӯзбекистон, маблағ бо фоизҳои начандон зиёд танҳо ба он соҳибкорони тоҷик дода мешаванд, ки бо корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Ӯзбекистон тарҳҳои тиҷоратии мушаххас дошта бошанд», – қайд кард манбаъ.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2016 ба андозаи 82 фоиз афзуда, 126 млн. долларро ташкил дод.

Дар сохтмори ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 69 млн. доллар ба воридоти мол аз Ӯзбекистон ва 57 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".