Тоҷикистон баҳри дастгирии буҷет 45 млн. доллар меҷӯяд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон давоми соли равон барои дастгирии буҷет 45 млн. доллар маблағ дарёфт карданист ва гуфтушунидҳо ҷиҳати кумак дар ин самт бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ идома доранд.

«Гуфтушунидҳо дар мавриди ин масъала ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида буданд. Имсол дар робита ба ин масъала бо масъулини ташкилотҳои молии байнулмилалии муқими кишвар вохӯриҳо гузаронида шуданд», – хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ умедворанд, ки аз гуфтушунидҳои ҷараёндошта натиҷаи мусбат ҳосил мешавад.

«Доир ба ин масъала мо бо ҳамаи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, ки шарикони рушд мебошанд, ҳамкорӣ дорем», – илова кардаанд дар Вазорати молия.

Давоми солҳои охир Тоҷикистон мунтазам ба дастгирии буҷети кишвар аз ҷониби мададрасонҳои хориҷӣ ниёз дорад.

Солҳои 2016-2017 ҳукумат аз Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми умумии 110 млн. доллар ва аз Иттиҳоди Аврупо ба маблагӣ 6 млн. доллар чунин кумак дарёфт кард.

Ба ивази дастгирии молиявӣ ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба Тоҷикистон як қатор шартҳо мегузоранд, ки ҳукумати кишвар онро бояд иҷро кунад.

Ин шартҳо асосан иборатанд аз баргузории ислоҳот дар ин ё он самт, масалан, беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ, фазои корӣ, содда кардани расмиёти бонкӣ ва ғайра.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.