Бародарзодаи муассиси ҲНИТ ҳабси худро рад кард

Asia-Plus

Бародарзодаи муассиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуданашро рад кард. Муроҷиати навори видеои ӯро шоми рӯзи 19 феврал ВАО-и вилояти Хатлон мунташир карданд.

«Ҳеҷ касе маро ба ҳабс нагирифтааст, дар озодӣ қарор дорам. Чанд рӯз қабл дар болои боми ҷойи корам шахсони номаълум парчами Давлати исломиро барафрохтанд. Аз рӯи ин далел маро даъват карда, бозпурсӣ ва рухсатӣ доданд», – мегӯяд Саидов дар навор.

Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки ягон нафаре аз хешону наздиконаш низ дар робита ба ин масъала боздошт нашудаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар ноҳияи Вахш шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд. Ба гумони даст доштан дар ин амал се нафар сокинони ноҳияи Вахш боздошт шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.