Бародарзодаи муассиси ҲНИТ ҳабси худро рад кард

Бародарзодаи муассиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуданашро рад кард. Муроҷиати навори видеои ӯро шоми рӯзи 19 феврал ВАО-и вилояти Хатлон мунташир карданд. «Ҳеҷ касе маро ба ҳабс нагирифтааст, дар озодӣ қарор дорам. Чанд рӯз қабл дар болои боми ҷойи корам шахсони номаълум парчами Давлати исломиро барафрохтанд. Аз рӯи […]

Asia-Plus

Бародарзодаи муассиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуданашро рад кард. Муроҷиати навори видеои ӯро шоми рӯзи 19 феврал ВАО-и вилояти Хатлон мунташир карданд.

«Ҳеҷ касе маро ба ҳабс нагирифтааст, дар озодӣ қарор дорам. Чанд рӯз қабл дар болои боми ҷойи корам шахсони номаълум парчами Давлати исломиро барафрохтанд. Аз рӯи ин далел маро даъват карда, бозпурсӣ ва рухсатӣ доданд», – мегӯяд Саидов дар навор.

Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки ягон нафаре аз хешону наздиконаш низ дар робита ба ин масъала боздошт нашудаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар ноҳияи Вахш шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд. Ба гумони даст доштан дар ин амал се нафар сокинони ноҳияи Вахш боздошт шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.