Боздошти боз як ронандаи сархуши мусофирбар дар Душанбе

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрро барои пахши пиёдагардон ва дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт боздошт намуданд. Бино ба маълумоти Раёсат, ронандаи маршруткаи №28 Исроил Рустамови 32-сола рӯзи 18 феврал дар кӯчаи Борбад пиёдагарди 49-сола, сокини шаҳри Кӯлоб Рухсорамоҳ Ҳасановаро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз ҷароҳатҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрро барои пахши пиёдагардон ва дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Раёсат, ронандаи маршруткаи №28 Исроил Рустамови 32-сола рӯзи 18 феврал дар кӯчаи Борбад пиёдагарди 49-сола, сокини шаҳри Кӯлоб Рухсорамоҳ Ҳасановаро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта зан дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Ронанда баъди чанде боздошт шуд.

Ғайр аз ин, кормандони БДА-и шаҳр аз рӯи далели идораи автомашина дар ҳолати мастӣ аз машрубот ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Старекс», маршруткаи №25 Шарифҷон Ғайбровро низ боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад давоми рӯзҳои аз 12 то 18 феврал кормандони БДА 8 ронандаро дар ҳолати сархушӣ аз шароб дар қаламрави Душанбе боздошт кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.