Афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 75,6 фоиз афзуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи январи соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 443 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи янваари соли 2017 (252 млн. доллар) ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 75,6 фоиз афзуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи январи соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 443 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи янваари соли 2017 (252 млн. доллар) ба андозаи 75,6 фоиз ё худ 190,7 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Моҳи январи соли равон аз ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 86,8 млн. доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 29 фоиз ё худ 19,2 млн. доллар бештар аст.

Аз ҷумла дар ин давра ҳаҷми содироти нахи пахта – 82,7 фоиз ва металлҳои қамбаҳо (алюминий) ва маснӯот аз он – 82,1 фоиз афзудааст.

Моҳи гузашта ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба кишвар 356,2 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба миқдори 92,5 фоиз ё худ 171,2 млн. доллар зиёдтар аст.

Аз ҷумла ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ – 22 фоиз, гандум – 95,6 фоиз зиёд шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти орд 63 фоиз кам шудааст.

Моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 79 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ дошт. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра чун соли гузашта Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, моҳи январ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия – каме бештар аз 80 млн. доллар ва Тоҷикистону Қазоқистон – беш аз 71 млн. долларро ташкил додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.