Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Академияи футболи дастаи «Бунёдкор» дар шаҳри Тошканд вохӯрии тамринии «Оқтеппа» ва «Истиқлол» (Душанбе) доир мегардад. Оғоз соати 15:00; – Oxfam дар Тоҷикистон вохӯрии Шабакаи ташкилотҳои шарик оид ба обтаъминкунии устувор ва санитарияро баргузор мекунад. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Шератон» барпо мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки […]

АНОНС

– Дар Академияи футболи дастаи «Бунёдкор» дар шаҳри Тошканд вохӯрии тамринии «Оқтеппа» ва «Истиқлол» (Душанбе) доир мегардад. Оғоз соати 15:00;

– Oxfam дар Тоҷикистон вохӯрии Шабакаи ташкилотҳои шарик оид ба обтаъминкунии устувор ва санитарияро баргузор мекунад. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Шератон» барпо мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8232 сомонӣ;

1 евро – 10.8931 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1557 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2012 — Дар Маскав маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи Маркази фарҳанги тоҷикони «Хайём» доир гардид.

2013 — Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ба гарав гузоштани замин қабул шуд.

2017 — Рустами Эмомалӣ ба пахши аввалин барномаи шабакаи телевизионии «Футбол» оғоз бахшид.

1921 — Мавлуди тарҷумон ва журналист Иброҳим Раҳматов.

1940 — Зодрӯзи доктори илмҳои биология, профессор Оғоназар Ҳақназаров.

1948 — Мавлуди овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Назаралӣ Холов.

1948 – Зодрӯзи нависанда ва публисист Муҳаммадҷон Мирзошоев.

1953 — Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Муҳаммадҷонова.

1959 – Зодрӯзи Рустам Назаров, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона -1+1.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.