Наворҳои видеои марги наврас зери чархи автомашинаи муфаттиш «гум шудааст»

Билоли ШАМС, Asia-Plus, Кӯлоб

Хешону наздикони навраси 15-солаи ҳалокшуда мегӯянд, наворҳои сабти видеои ҳодиса ба таври мармуз гум шудаанд. Онҳо ҳамчунин зикр мекунанд, ки муфаттиши Раёсати ВКД дар шаҳри Кӯлоб маст будааст. ВКД ва Прокуратураи генералӣ хомӯширо ихтиёр кардаанд, гӯё ба парванда муҳри махфӣ гузошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ВКД ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ аз шарҳу тавзеҳи ҳодисаи мазкур ба «Азия-Плюс» худдорӣ варзиданд. Котиби матбуотии Прокуратураи геералӣ изҳор дошт, ки аз ин қазия ҳеҷ огаҳие надорад, «вале агар ба мо донистани он лозим бошад, дархости хаттӣ равона кунед».

Мо дархост навиштаву ирсол намудем. Акнун посухро мунтазир мешавем.

Абдулазиз Азизов, амаки Фирдавс изҳор мекунад, ки ҷасади Фирдавсро корманди милитсия ба сардхона оварда, вале хешону наздикони ӯро интизор нашудааст.

Амаки наврас мегӯяд, ҳодиса дар камераҳои видеои кӯча сабт шуда, онро Радиои Озодӣ дар маводи худ истифода карда буд, вале баъдан касе ҳамаи ин сабтҳоро хориҷ кардааст. «Дар ин наворҳо аён буд, ки Фирдавс на ба муқобили роҳ ҳаракат мекард, балки дар канори роҳ истода буд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ба ҳушёр будани корманди милитсия низ шубҳа дорад. «Маълум аст, ки ӯ маст буд, соати11-и шаб дар роҳ автомашинаҳо нестанд ва чӣ гуна ӯ натавонистааст, ки наврасро дар канори роҳ набинад?, – мегӯяд ӯ. – Танҳо рӯзи дигар ӯро ташхис карданд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки мутахассисон хулосаи дуруст доданд? Ӯ маст буд, вагарна ҳамон шаб назди мо меомад».

Аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки капитани милитсия Саидмумин Исмоилов маст набуд. «Мо намедонем, ки сабтҳои камераҳои видеоӣ куҷо гум шудаанд. Парвандаи ҷиноӣ алҳол боз нашудааст, зеро мо ҷавоби ташхисро интизорем. Ин ҷавоб бояд дар бораи аз ҷониби ронанда риоя шудан ё нашудани қоидаҳо маълумот пешниҳод намояд», – хабар дод як манбаъ аз прокуратура бидуни ифшои ном.

Ба мо муяссар шуд, ки бо худи Саидмумин Исмоилов низ тамоси телефонӣ бигирем, лекин корманди милитсия изҳор дошт ки бемор аст ва ҳама гуна шарҳи ҳодисаро рад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.