Таъсири қиматшавии билети хатсайри Душанбе – Маскав ба таваррум

Нарху тарифҳо дар бозори истеъмолии Тоҷикистон моҳи аввали соли равон 0,4 фоиз афзуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба таварруми ҳосилшуда асосан болоравии арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,9 фоиз таъсир расонид. Аз ҷумла, баландшавии арзиши хизматрасониҳои пулӣ асосан аз ҳисоби қиматшавии мавсимии нархи чиптаи ҳавопаймо (хатсайри байналмилалии Душанбе – Москва) […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нарху тарифҳо дар бозори истеъмолии Тоҷикистон моҳи аввали соли равон 0,4 фоиз афзуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба таварруми ҳосилшуда асосан болоравии арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,9 фоиз таъсир расонид. Аз ҷумла, баландшавии арзиши хизматрасониҳои пулӣ асосан аз ҳисоби қиматшавии мавсимии нархи чиптаи ҳавопаймо (хатсайри байналмилалии Душанбе – Москва) ба андозаи 82,2 фоиз ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, инчунин, дар ин давра тағйирёбии нисбатан муътадили нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 0,1 фоиз ва коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 0,1 фоиз мушоҳида гардида, аз молҳои ғайрихӯрокворӣ асосан нархи бензин 1,1 фоиз қимат шудааст.

«Коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, асосан аз ҳисоби арзон шудани нархи орди навъи 1 ба андозаи 1,0 фоиз, нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 0,4 фоиз ба вуқӯъ пайваст», – қайд мешавад дар маълумот.

Зикр мегардад, ки сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи январ ба 6,5 фоиз баробар гардида, нисбат ба моҳи декабри соли 2017 0,2 банди фоизӣ поён рафт, ки нишондоди мазкур мувофиқ ба ҳадафи мақсадноки муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон 7 (±2%) фоизи солона тағйирёбии муътадил дорад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли гузашта нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 – 5,1 фоиз сабт шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.