Эълони озмуни рамзи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

Кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон медорад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки  масъули баргузории озмуни мазкур аст, дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ё ки ҳаммуаллифон аз ҷумлаи дизайнерон, меъморон, рассомони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба санъати тасвириву дизайн […]

Asia-Plus

Кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон медорад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки  масъули баргузории озмуни мазкур аст, дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ё ки ҳаммуаллифон аз ҷумлаи дизайнерон, меъморон, рассомони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба санъати тасвириву дизайн шавқу рағбат доранд, иштирок карда метавонанд.

Мақсади баргузории Озмун эҷоди рамзи мувофиқу муосири 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо услуби баланди эҷодӣ унвон мешавад, ки минбаъд тавассути васоити ахбори омма ҳамаҷониба инъикосу тарғиб мегардад.

Гуфта мешавад, барои эҷоди беҳтарин рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ғолиби озмун ба 5000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуда, бар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ғолибон ва фаъолон бо ифтихорномаҳо ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз карда мешаванд.

Рӯзи Истиқлолият ҷашни давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил мегардад.

Санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Изҳорот қабул шуда, он ба қабули қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.