Милитсияи Душанбе 5 бехонаро бо ҷойи кору зист таъмин кард

Asia-Plus

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тайи чанд рӯзи охир 5 нафар шахсони бехонаву бекор ва оворагард (бомжҳо)-ро бо ҷойи кору зист таъмин намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсат, пеш аз таъмин бо ҷойи кору зист онҳо бепул аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, Александр Нуриддинов – дар КММ “Парвоз”, Виталий Павлов – дар Муассисаи истифодабарии манзилии №13 ноҳияи Сино, Фатҳуддин Файзуллоев – дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Андрей Бекшниев – дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур ва Васфишо Юсуфшоев – дар Қаҳвахонаи Сим-Сим бо ҷои хоб ва кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин кор дар доираи амалисозии қарори раси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз 1 феврали соли ҷорӣ "Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” сурат гирифт.

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба риояи талаботҳои Маромномаи сокини пойтахт, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии нашъамандӣ, муборизаи якҷояи мақомот бо аҳолӣ зидди ифротгароӣ ва аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи оромии ҷомеа сорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.