Милитсияи Душанбе 5 бехонаро бо ҷойи кору зист таъмин кард

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тайи чанд рӯзи охир 5 нафар шахсони бехонаву бекор ва оворагард (бомжҳо)-ро бо ҷойи кору зист таъмин намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсат, пеш аз таъмин бо ҷойи кору зист онҳо бепул аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд. Гуфта мешавад, Александр Нуриддинов – дар КММ “Парвоз”, Виталий Павлов – […]

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тайи чанд рӯзи охир 5 нафар шахсони бехонаву бекор ва оворагард (бомжҳо)-ро бо ҷойи кору зист таъмин намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсат, пеш аз таъмин бо ҷойи кору зист онҳо бепул аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, Александр Нуриддинов – дар КММ “Парвоз”, Виталий Павлов – дар Муассисаи истифодабарии манзилии №13 ноҳияи Сино, Фатҳуддин Файзуллоев – дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Андрей Бекшниев – дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур ва Васфишо Юсуфшоев – дар Қаҳвахонаи Сим-Сим бо ҷои хоб ва кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин кор дар доираи амалисозии қарори раси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз 1 феврали соли ҷорӣ "Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” сурат гирифт.

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба риояи талаботҳои Маромномаи сокини пойтахт, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии нашъамандӣ, муборизаи якҷояи мақомот бо аҳолӣ зидди ифротгароӣ ва аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи оромии ҷомеа сорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.