Суди олӣ бо шарикон дастрасӣ ба маълумотро осон мекунанд

Дар бинои Суди Олӣ маросими расмии  баимзорасонӣ ва роҳандозии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ барои солҳои 2018-2019» баргузор гардид. Тавре бахши иттилооти Суди олӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта,  сафири Норвегия ҷаноби Оле Йохан Бёрной ва дигар […]

Дар бинои Суди Олӣ маросими расмии  баимзорасонӣ ва роҳандозии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ барои солҳои 2018-2019» баргузор гардид.

Тавре бахши иттилооти Суди олӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта,  сафири Норвегия ҷаноби Оле Йохан Бёрной ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия дар доираи Барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» маблағгузорӣ карда мешавад.

Лоиҳа ба такмили фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба фаъолияти судҳо ва мусоидат дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор равона карда шуда, азнавсозии сомонаҳои Суди Олӣ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, инчунин ташкил кардани сомонаҳои судҳои ВМКБ ва минтақаҳои Раштро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, дар баробари ин, бо мақсади саривақт ва холисона иттилоотонидани ҷомеа оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбориомма дар Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Марказҳои матбуотӣ (Пресс-центр) таъсис дода, шахсони маъул бо семинар-тренингҳо бо иштироки коршиносони ватанӣ ва хориҷӣҷалб гардида, инчунин гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ, паҳннамоии пресс-релизҳо, нашри иттилоот дар воситаҳои ахбори омма ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маҷмӯъ Лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии муҳим барои ҷомеа тариқи сомонаҳои Интернетӣ ва марказҳои матбуотӣ мусоидат менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.