Нархи нави роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт 1 март ҷорӣ мешавад

Аваз Юлдошев

– Болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ки аз 20 феврал бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҷорӣ шуда буд, бо дастури дастгоҳи шаҳрдорӣ то 1 марти соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд, – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз соҳаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯзи ҷорӣ шудани нархҳои нав, яъне аз 20 феврал миёни ронандагону мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ хеле зиёд нофаҳмиҳо рух дода истодаанд.

«Дар ин робита тасмим гирифта шуд, ки болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр то 1 март ба таъхир гузошта шуда, то ин вақт мақомоти шаҳрдорӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ миёни аҳолӣ ва ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, вазъи мавҷуда бори дигар мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи  хатсайрҳои шаҳри Душанбе», ба тарифҳои роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тағйирот ворид шуд.

Мувофиқи ин қарор, нархи роҳкиро дар троллейбусҳо аз 70 дирам то ба 1 сомонӣ боло рафта, дар автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, дар маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирам ва автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда – 1,50 муқаррар шуд.

Дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ шудани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо, барои донишҷуён – 30 фоиз ва барои дигарон 15 фоиз тахфифҳо пешниҳод мешавад.

Ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути нақлиёти мусофирбарии ғунҷоишаш хурд ва миёна 2,00 (ду сомонӣ) муқаррар карда шавад. Қаблан арзиши роҳкиро дар ин маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирамро ташкил медод.

Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» Фирдавси Саидзода хабар дод, сарфи назар аз масофаи роҳ, акнун нархи роҳкиро дар маршруткаҳои шаҳр 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад. Қаблан мусофирон то ними хатсайр 1 сомонӣ (ҳарчанд тибқи тарифҳо бояд 80 дирам бошад) пардохт мекарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...