Мансабдорони давлатии Туркманистонро ба харидани дучарха уҳдадор карданд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Соли ҷорӣ ҳар кадом муассисаи давлатии Туркманистон аз 3 то 6 кормандашро барои ширкат дар дучархасавории умумӣ сафарбар мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин кормандон вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дучарха бихаранд.

"Ҳоло дар бархе аз муассисаҳо тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи кормандон барои харидани дучарха саҳм гузоранд. Дар Туркманистон корхонаи истеҳсоли дучарха вуҷуд надорад ва ҳамаи дучархаҳои воридотӣ арзиши гарон доранд", – гуфтааст як манбаъ аз Туркманистон.

Ба иттилои ин манбаъ, кормандони давлатӣ аз тарси аз даст додани ҷои кор, иҷборан талаботи роҳбариятро иҷро мекунанд ва барои харидани дучарха саҳм мегузоранд.

"Ба кормандон гуфтанд, ки ин чорабинии байналхалқӣ аст ва бояд хушҳолӣ кунанд, ки дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд", – гуфт корманди як муассисаи давлатӣ аз шаҳри Ишқобод. Ба гуфтаи вай, дучархаҳо бояд ранги сафед дошта бошанд.

Бино бар иттилои расида, ҳукумати Туркманистон тасмим дорад, дар моҳи апрел пойгаи дучарха баргузор кунад. Дар ин чорабинӣ президент, аъзои ҳукумат, порлумон, мансабдорони зинаҳои гуногун, инчунин кормандони муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯён ширкат хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...