Дастоварди 2 ҳунарманди ҷавони тоҷик дар озмунҳои телевизионии Русия

Ду ҳунарманди ҷавони тоҷик дар поёни ин ҳафта бо ҳунарнамоии худ дар озмунҳои телевизионии Русия ҳамаро ба ҳайрат оварданд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили "Ахбор", Рустамов дар ин ҳафта дар озмуни "Песни” дар шабакаи телевизионии ТНТ бо таронаи "All of me”-и Ҷон Стивенс ва Тоби Гад мавҷи кафкӯбиҳоро ба бор овард. Ҳунарнамоии ин хонандаи тоҷик […]

Akhbor.com

Ду ҳунарманди ҷавони тоҷик дар поёни ин ҳафта бо ҳунарнамоии худ дар озмунҳои телевизионии Русия ҳамаро ба ҳайрат оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили "Ахбор", Рустамов дар ин ҳафта дар озмуни "Песни” дар шабакаи телевизионии ТНТ бо таронаи "All of me”-и Ҷон Стивенс ва Тоби Гад мавҷи кафкӯбиҳоро ба бор овард.

Ҳунарнамоии ин хонандаи тоҷик дар озмуни ТНТ фарқ мекунад. Ин шабакаи телевизионӣ бо саҳнаҳои пурмасхарааш дар бораи тоҷикону муҳоҷирони тоҷик ном бароварда буд, ки як намунаи аз ҳама ангуштнамояш ҳамон барномаи "Наша Раша” дар бораи Равшану Ҷамшуд буд.

Ва инак, бори аввал дар шабакаи ТНТ ба ҷои масхараи тоҷикон бо шарофати ҳунарнамоии хеле олии Даниел Рустамов ба ҳунари мардуми тоҷик каф кӯфтанд, ки ин ҳам хеле рамзӣ аст.

"Невероятная мощь! Красавица Мехрона из Таджикистана впечатлила судей своим супервокалом” ("Қудрати боварнокарданӣ! Меҳронаи зебосанам аз Тоҷикистон ҳакамонро бо овози фавқулоддааш тасхир кард”) – чунин ном кардааст шабакаи телевизионии НТВ гузориши худ дар бораи ҳунарнамоии овозхони ҷавони тоҷик Меҳрона Ғайбуллоеваро дар озмуни "Ты – супер!”.

https://www.youtube.com/watch?v=BgKfmlq5FE0

Баъди онки ҳакамон ӯро ба даври баъдӣ роҳ доданд, Меҳрона домани гиряро сар дод, вале гуфт, ин ҳама ашки шодӣ аст, ки беихтиёр ҷорӣ шуданд. Меҳрона Ғайбуллоева 17 сол дошта, тавассути хабаргузории "Спутник” ба озмуни "Ты – супер!” пешниҳод шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.