Мансабдорони давлатии Туркманистонро ба харидани дучарха уҳдадор карданд

Соли ҷорӣ ҳар кадом муассисаи давлатии Туркманистон аз 3 то 6 кормандашро барои ширкат дар дучархасавории умумӣ сафарбар мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин кормандон вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дучарха бихаранд. "Ҳоло дар бархе аз муассисаҳо тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи кормандон барои харидани дучарха саҳм гузоранд. Дар Туркманистон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Соли ҷорӣ ҳар кадом муассисаи давлатии Туркманистон аз 3 то 6 кормандашро барои ширкат дар дучархасавории умумӣ сафарбар мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин кормандон вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дучарха бихаранд.

"Ҳоло дар бархе аз муассисаҳо тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи кормандон барои харидани дучарха саҳм гузоранд. Дар Туркманистон корхонаи истеҳсоли дучарха вуҷуд надорад ва ҳамаи дучархаҳои воридотӣ арзиши гарон доранд", – гуфтааст як манбаъ аз Туркманистон.

Ба иттилои ин манбаъ, кормандони давлатӣ аз тарси аз даст додани ҷои кор, иҷборан талаботи роҳбариятро иҷро мекунанд ва барои харидани дучарха саҳм мегузоранд.

"Ба кормандон гуфтанд, ки ин чорабинии байналхалқӣ аст ва бояд хушҳолӣ кунанд, ки дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд", – гуфт корманди як муассисаи давлатӣ аз шаҳри Ишқобод. Ба гуфтаи вай, дучархаҳо бояд ранги сафед дошта бошанд.

Бино бар иттилои расида, ҳукумати Туркманистон тасмим дорад, дар моҳи апрел пойгаи дучарха баргузор кунад. Дар ин чорабинӣ президент, аъзои ҳукумат, порлумон, мансабдорони зинаҳои гуногун, инчунин кормандони муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯён ширкат хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".