Вазорати маориф бо ақидаи ректори ДТТ розӣ нест

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо гуфтаҳои ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) Ҳайдар Одиназода дар бораи сатҳи ғайриқаоноатбахши дониши муҳассилини квотадор розӣ нест.

«Вазорат изҳор мекунад: маълумот доир ба ҷавобгӯ набудани дониши бархе аз донишҷӯёни тибқи квота дохилшуда ба талабот, асоси воқеӣ надорад. Миёни донишҷӯёне, ки тариқи квота ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ҷавонони саводнок ва қобилиятнок кам нестанд», – гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Бино ба иттилои Вазорат, мувофиқи талаботи Қоидаҳои таҳсилу қабул ба муассисаҳои таълимӣ тибқи квотаҳои Президенти ҶТ, суҳбату санҷишҳо бо довталабон бар асоси саволнома гузаронида мешаванд, ки аз ҷониби омӯзгорони мактабҳои олӣ ва Раёсати маорифи Вазорат таҳия мешавад.

«Қобили зикр аст, ки нақшаи қабули донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ бар асоси пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар тартиб дода мешавад», – омадааст дар изҳорот.

Вазорати маориф ҳамчунин дар мавриди саҳеҳияти маълумот менависад, аз рӯи ихтисоси «технология ва истеҳсоли нахи пахта» ба ҳеҷ касе аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ ягон квота ҷудо нашудааст.

«Нисбати бо ҷойи кор таъмн намудани донишҷӯёне, ки муассисаи таълимиро тибқи квота хатм карданд, метавон гуфт, ки чунин ҳолатҳо баъзан ҷой дошта, лекин хеле каманд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти хабарии рӯзи 24 январ дар Душанбе ректори ДТТ Ҳайдар Одиназода аз сатҳи дониши муҳассилине, ки тибқ квота ба донишгоҳ фиристода шудаанд, норозигӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...