Ҳаҷми кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 18 млн. доллар афзуд

Соли 2017 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 73,6 млн. доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 18 млн. доллар зиёдтар аст. Бино ба маълумоти расмии оморӣ, ин кумак соли гузашта аз 53 кишвари дунё оварда шуда, маблағи умумиаш ба 73 млн. 633 ҳазор доллар баробар аст. Соли 2017 кишвари нисбатан […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2017 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 73,6 млн. доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 18 млн. доллар зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти расмии оморӣ, ин кумак соли гузашта аз 53 кишвари дунё оварда шуда, маблағи умумиаш ба 73 млн. 633 ҳазор доллар баробар аст.

Соли 2017 кишвари нисбатан бузургтарини мададарасон ба Тоҷикистон Чин дониста шудааст, ки 32,2 фоиз аз ҳаҷми умумии кумак ба ин кишвар рост меояд.

Дар идома Русия (18,6%), Сербия (11,7%), Ҳиндустон (6,9%), Туркия (3,6%), Швейтсария (3,3%), Қазоқистон (2,8%), Олмон (2,7%), ИМА (2,3%), Нидерланд ва Белгия (1,8%-ӣ), Ҷумҳурии Корея (1,7%), Шветсия (1,2%), Дания, Австрия ва Италия (1%-ӣ), Юнон ва Латвия (0,8%-ӣ) ва дигар кишварҳо ҷойгир шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 ба Тоҷикистон аз 55 кишвари саросари дунё ба маблағи 55 млн. 800 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид гардида буд, ки қариби нисфи он ба Русия (25,9%) ва Чин (24%) рост омада буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.