Сафари ҳунарии сирки «Браво»-и Маскав ба Душанбе

Аз 3 март то 1 апрел дар толори Сирки давлатии шаҳри Душанбе намоишномаи сирки «Браво»-и шаҳри Маскав баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сирки давлатии Душанбе хабар доданд, сирки Маскав дар кишвари мо намоишномаи махсус пешниҳод мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар толори сирки Тоҷикистон дорбозону акробатҳо, найрангбозону масхарабозон, гимнастҳо ва ҳамчунин ҳайвоноти ромшуда, аз қабили […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Аз 3 март то 1 апрел дар толори Сирки давлатии шаҳри Душанбе намоишномаи сирки «Браво»-и шаҳри Маскав баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сирки давлатии Душанбе хабар доданд, сирки Маскав дар кишвари мо намоишномаи махсус пешниҳод мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар толори сирки Тоҷикистон дорбозону акробатҳо, найрангбозону масхарабозон, гимнастҳо ва ҳамчунин ҳайвоноти ромшуда, аз қабили палангу тимсоҳ, мору саг, буз ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки сирки «Браво» бо ин барнома ба ҷоизаҳои гуногуни фестивалҳои байнулмилалӣ соҳиб шудааст.

Намоиши аввали ҳунармандони сирки «Браво» санаи 3 март доир гардида, билетҳоро аз кассаҳои Сирки давлатӣ дарёфт кардан мумкин аст. Арзиши билетҳо – аз 40 то 60 сомонӣ буда, барои кӯдакони синни то 3-сола даромадан бепул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.