Оғози кори 10 гузаргоҳи қаблан басташуда дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз 1 гузаргоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин 8 гузаргоҳи равуои автомашинаҳо ва боз 1 гузаргоҳи сарҳадӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе.

Қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус санаи 21 феврал қабул шудааст.

Имрӯз гузаргоҳҳои зерин ба фаъолият оғоз мекунанд

– Гузаргоҳи «Ҷартеппа» – байни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистн ва Самарқанди Ӯзбекистон;

– Гузаргоҳҳои «Қӯшкент» ва «Учтурган» – байни ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафарободи Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ӯзбекистон;

– Гузаргоҳҳои «Ховастобод» и «Бекобод» – байни ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ва вилоятҳои Тошканду Сурхондарё;

– Гузаргоҳи «Пап» – байни ноҳияи Ашт ва вилояти Намангон;

– Гузаргоҳи «Равот» – байни шаҳри Конибодом ва вилояти Фарғона;

– Гузаргоҳи «Гулбаҳор» байни ноҳияи Шаҳритӯс ва вилояти Сурхондарё;

– Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг», ки вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо истгоҳи роҳи оҳани «Хошади» дар вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ҷартеппа дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ гузаргоҳи сарҳадӣ бо шаҳри Панҷакент боз мешавад.

Тӯли 8 соли охир байни кишварҳо танҳо ду нуқтаи гузаштан тариқи роҳи заминӣ –  «Турсунзода – Сариосиё» ва «Фотеҳобод – Ойбек» амал мекарданд.

Аз оғози соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ду гузаргоҳи замони президентии Ислом Каримов басташуда – «Андархон-Патар» ва «Қӯштегирмон» дубора ба кор шурӯъ намуданд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.