КДАМ: сокини Вахш бародарзодаи Нуриро бадном карданӣ буд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар бораи боздошти шахсе хабар дод, ки парчамҳои созмони террористии Давлати исломиро тайёр карда, дар ноҳияи Вахш овехта буд. Дар гузориши видеои КДАМ дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон қайд шуд, ки дар ин робита сокини 31-солаи ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Партоев боздошт шудааст. Дар гузориши телевизионӣ зикр гардид, ки […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар бораи боздошти шахсе хабар дод, ки парчамҳои созмони террористии Давлати исломиро тайёр карда, дар ноҳияи Вахш овехта буд.

Дар гузориши видеои КДАМ дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон қайд шуд, ки дар ин робита сокини 31-солаи ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Партоев боздошт шудааст.

Дар гузориши телевизионӣ зикр гардид, ки Партоев ба гумони омода кардани парчамҳои Давлати исломӣ барои бадном кардани Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ боздошт шудааст.

Қурбоналӣ Партоев дар гузориш иқрор мешавад, ки ӯ бо сабаби хусумати шахсӣ нисбати Саидов ба ин амал даст задааст, лекин доир ба чӣ гуна хусумат доштанаш чизе нагуфт.

«Хеле мехостам, ки хадамоти махсус Нусратулло Саидовро ба ҳабс гиранд ва ақидае ба сарам омад, ки ӯро бадном (подстава) кардан лозим аст. Дар болои корхонаи ӯ парчам овехтам, – иброз дошт ӯ. – Аз бозор рангу матои сафед ххарида, аз рӯи суратҳои интернет парчамҳои Давлати исломиро омода намудам ва болои боми корхонаи Саидов гузоштам. Боз ду парчамро дар дохили бино мондам».

Нисбати Партоев мутобиқи моддаҳои 32, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 307, прим 1 (Даъватҳои оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва эътирофи оммавии ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар ноҳияи Вахш шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд. Ба гумони даст доштан дар ин амал се нафар сокинони ноҳияи Вахш боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.