Баъди куштори журналист як зумра мансабдорони Словакия истеъфо доданд

Дар Словакия ёвари сарвазир Мария Трошкова, котиби Шӯрои амният Вилиам Ясан ва вазири фарҳанг Марек Мадярич баъд аз куштори рӯзноманигор Ян Кутсяк дар ин кишвар аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мадярич гуфтааст, ҳатто наметавонад тасаввур кунад, ки баъд аз ин ҳодиса дар "курсии вазирӣ" чӣ гуна хоҳад […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Словакия ёвари сарвазир Мария Трошкова, котиби Шӯрои амният Вилиам Ясан ва вазири фарҳанг Марек Мадярич баъд аз куштори рӯзноманигор Ян Кутсяк дар ин кишвар аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мадярич гуфтааст, ҳатто наметавонад тасаввур кунад, ки баъд аз ин ҳодиса дар "курсии вазирӣ" чӣ гуна хоҳад нишаст.

Ян Кутсяк, рӯзноманигори сомонаи Aktuality.sk дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) робитаҳои эҳтимолии сиёсатмадорони Словакияро бо мафияи итолиёвӣ таҳқиқ мекард. Охирин матлаби Кутсяк 9 феврал нашр гашт, ки ба тақаллубкориҳои молиётии марбут ба як маҷмуаи истиқоматӣ дар Братислав бахшида шуда буд.

Ҷасади Кутсякро бо захми тир 25 феврал пайдо карданд ва пулис гуфт, куштори ӯ ба фаъолияти касбияш рабт дорад. "Дар Словакия бори нахуст аст, ки ба рӯзноманигор ин гуна ҳамла мекунанд", – афзуд намояндаи пулис.

Дар робита ба куштори мазкур мухолифон талаб доранд, ки вазири умури дохилӣ Роберт Калиняк ва сардори пулиси ин кишвар Тибор Гашпар ба истеъфо раванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.